Парвизи Собити яке аз мармузтарин чеҳраҳои амниятии таърихи муъосири Эрон ба шумор меравад, ки дар замони режими паҳлавӣ ба унвони раиси идораи севуми Совок ва раиси Совоки Теҳрон таъин шуд, ихтиёроти у ба андозае густарда буд, ки чашму гуши Муҳаммадризошоҳ лақаб гирифт ва вазифаи аслии у ҳимоят аз шоҳ аз тариқи кашф ва решакан сохтани афроде буд, ки бо ҳукумат мухолиф буданд.
Вай дар давраи фаъолияти худ бадтарин шиканҷаҳо ва ҷиноятбортарин иқдомотро зидди мардуми бегуноҳи Эрон ба кор гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободи, дабири ситоди ҳуқуқибашари Эрон рузи душанбе дар номае ба ҳуҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷаъфари Мунтазири, додситони кулли кишвар изҳор кард, Парвизи Собити бо собиқаи саросар золимона ва нафратангези худ ва иртикоби ҷиноятҳо ва нақзҳои фоши ҳуқуқи башари аз ҷумла шиканҷаи муборизон, инқилобиён ва озодихоҳон пас аз 44 сол ба баҳонаи озодихоҳи дар таҷамуъоти салтанаталабони амриконишини зидди озоди ва зидди мардумсолори, ки талош дар матраҳ кардани у ва сарпушгузоштан бар ҷиноятҳояшро дароанд ширкат кард.
Ғарибободи афзуд: Ҳузури Собити дар таҷамуъоти салтанаталабони ба мутолебагарии афкори умумии Эрон дар дастгоҳи қазоӣ шуда аст.
342/